22-юми сентябри соли 2017 ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, раиси ошхонаи “Шаббодаи Анзоб”, пеш бо моддаҳои 248 қисми 2, 191, 250 қисми 2, 147 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Номбурда, 7-уми январи соли 2016, зани 48-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб карда, дар таҳхонаи ошхонаи мазкур зиёда аз 7-шабонарӯз дар сардии зимистон нигоҳ доштааст.
Дар натиҷа зани ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар таҳхона ба ҳалокат расидааст.
Сипас, гумонбаршуда ҷасади зани мазкурро дар мавзеи “Чоре”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ дар чуқурии 1-метр гӯронидааст.
Номбурда айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.