ҶСК “Бонки Эсхата” барориши вомбаргҳоро ба маблағи умумии 50 миллион сомонӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, бо фоидаи 14% солона эълон мекунад.
Вобаста ба имтиёзҳои амалкунандаи андоз, ки ба рушди бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, даромади вомбаргҳо аз ситонидани андоз озод буда, ҳар семоҳа пардохт карда мешавад. Ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ метавонанд аз вомбаргҳо харидорӣ намоянд. Вомбаргҳо бо арзиши номиналии он, яъне 100 сомонӣ пардохт карда мешаванд.
Вомбаргҳо дар бозори савдои ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ҷойгир карда мешаванд. Ширкати брокери ваколатдор ва ташкилотчии барориши вомбаргҳои ҶСК “Бонки Эсхата” ҶДММ «Прайм Инвест» ба ҳисоб меравад.
Мақсади асосии барориши вомбаргҳо – ин васеъ намудани имкониятҳои истифодабарии воситаҳои дар бозори коғазҳои қиматнок мавҷудбуда аст, ки ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2017 Бонки Эсхата аввалин шуда байни бонкҳои кишвар аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барориши коғазҳои қиматноки корпоративӣ, ки тавассути “Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ” ва ширкати брокерии “Прайм инвест” ҷойгир карда шуданд, иҷозат гирифта буд.
Ин навбат низ барои харидорӣ намудани вомбаргҳо, аз сармоягузорон хоҳиш мекунем, ки бо ширкати брокерии «Прайм инвест» тамос гиранд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1
Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 5
Тел: (+992) 37 227-73-96
Сомона: www.primeinvest.tj
Суроғаи электронӣ: info@primeinvest.tj
Инчунин аз филиал ё МХБ-и наздиктарини ҶСК “Бонки Эсхата” дастрас карда метавонед: https://www.eskhata.com/about/bank/branches.php