Қарор аст, вояҳои навбатии воксини «AstraZeneca», ки воксини оксфордӣ низ ном дошта, аз ҷониби Донишгоҳи Оксфорд (Британия) ва ширкати «AstraZeneca» (ширкати дорусозии шведӣ-англисӣ, қароргоҳаш Кембриҷ, Британия) нимаи дуюми моҳи августи соли равон  ба Тоҷикистон ворид карда шаванд.

Иқдоми мазкур бо шарикони рушд, хусусан бо  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони миллали мутаҳид ва Иттиҳоди глобалии воксин ва иммунизатсия рӯи даст гирифта шудааст.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо истифода аз дигар манбаъҳо воридоти воксинро зиёдтар кунад. Ҳоло бо Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки зиёда аз 8 миллион доллар будааст. Инчунин бо Бонки осиёии рушд ба маблағи он 25 миллион доллар низ шартнома ба имзо расидаааст. Қисми муайяни маблағҳои мазкур ба харидории воксинҳо равона карда мешаванд.

Ҳоло маъракаи вкосизанӣ дар Тоҷикистон идома дошта, беш аз 300 ҳазор кас воксин гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазорарашонро аҳолии шаҳри Душанбе  ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь