Ба беш аз 100 варзишгари ҳинду, ки барои иштирок дар 5-умин Бозиҳои осиёӣ озими шаҳри Ишқобод буданд, иҷозат дода нашуд, то аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Делҳӣ ба пойтахти Туркманистон парвоз кунанд.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, варзишгарон бо сабаби надоштани иҷозатномаи махсуси Вазорати варзиши Ҳиндустон барои иштирок дар мусобиқаи мазкур роҳ дода нашудаанд.
Қарор буд, ин варзишгарон дар мусобиқоти Ишқобод Ҳиндустонро дар навъҳои варзише, аз қабили самбо, ҷиу-ҷитсу, рақсҳои варзишӣ ва муҳорибаи анъанавӣ намояндагӣ кунанд, ки Кумитаи олимпии ин кишвар онҳоро эътироф намекунад.
Вале рӯзи панҷшанбе хабар расидааст, ки раванди расмиёти додани иҷозатнома ба ин варзишгарон шурӯъ шудааст. Сари вақт ба мусобиқа расидани онҳо маълум нест, чун расмиёти додани иҷозатнома чанд рӯз тӯл хоҳад кашид.
Ташкилкунандаҳои 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод аз ибтидо хабар дода буданд, ки қарор аст, дар ин чорабинӣ ҳудуди 6000 варзишгар иштирок кунад. Тибқи арзёбиҳои гуногун, мақомоти туркман барои омодагӣ ба баргузории Осиё-2017 аз 10 то 15 миллиард доллар сарф кардаанд.