68 дарсади аҳолии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба хотири пешгирии коронавирус воксан гирифтаанд.
Директори маркази кумаки авалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш Саиднуриддин Талбаков хабар дод, ки аз ҷамъи умуми шумораи аҳолии ноҳия 116 ҳазору 79 нафарашон гуруҳи мақсаднок мебошанд, ки бояд онҳо воксан зада шаванд.
Ин шахси масъул илова кард, ки аз ин шумора 52 ҳазору 848 нафараш якум вояи воксанро гирифтаанд, вояи дуюмро бошад 35 ҳазору 895 нафар гирифтаанд.
Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ 88 ҳазору 743 нафар аҳолии ноҳияи мазкур эмгузаронӣ шуданд, ки 68 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳоло 17 ҳазору 949 воксан дар ноҳияи Вахш захира мебошад, ки аз он 14 ҳазору 949 воксани Астра-Зенека ва 2 ҳазору 990 воксани Модерно мебошад.
- Ба хотири пешгирии коронавирус, ки имрӯз тамоми мардуми ҷаҳонро ба ташвиш оврадаст дар ноҳияи Вахш 70 нуқтаи эмгузаронӣ ташкил карда шуда, ҳамчунин кормандони соҳаи тиб хона ба хона гашта, мардумро воксан мезананд, – илова кард Сайиднуриддин Талбеков.
Блоки рекламавӣ