Салим Абдувалиев, маъруф баСалимбойбача“, дар манзилаш дар Тошканд боздошт шудааст.

Шоми 1-уми декабр Салим Абдувалиев, маъруф ба “Салимбойбача”, аз ҷониби неруҳои вижаи ниҳодҳои қудратии Узбекистон боздошт шуд. Дар ин бора вебгоҳи UzNews.uz хабар дод.

Бино ба хабарҳо, Салим Абдувалиевро аз “хонаи сафед”-аш (“oq uy”) дар Тошканд бурдаанд. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд, ӯ дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон гумонбар дониста мешавад.

Пештар дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ дар пойтахти Узбекистон Саидазиз Саидалиев, маъруф ба “Сайдазиз Медгородок”, боздошт шуда буд. Ин мард ҳамроҳ бо шариконаш бо роҳи таҳдид, авбошӣ ва тамаъҷӯӣ ба “рӯёндани” қарз машғул будааст. Раёсати умури дохилии марказии ин кишвар боздошти Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф бо лақаби “Бахтӣ Ташкентский”-ро низ таъйид кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь