Ҳудуди як соат пештар рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар Фейсбук навишт, ки ҳоли ҳунарманди маъруф Қурбоналӣ Раҳмонов бад шудааст ва ӯро дар бемористони Якум Совети Душанбе бистарӣ кардаанд.
Вай аз қавли наздикони сароянда навишт, ки “панҷ рӯзи ахир бемор будаву дар хона табобат гирифтааст. Дина бегоҳ аҳволаш сахт вазнин мешавад ва ӯро ба касалхонаи Якум Совет бурдаанд”.
Қурбоналӣ Раҳмонов соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Турсунзодаро хатм кардааст. Дар соли 1971, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, дар фестивали ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тило ва 1 рубоб гардида, дар саҳнаи тоҷик соҳибном шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон баъди хатми донишкада ва адои хидмати ҳарбӣ чанд муддат дар мақомҳои роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳангиВосеъ кор кардааст. Давраи авҷи шӯҳрати ӯ ба ансамбли фолклории “Чашма” рабт мегирад. Соли 1986 сазовори унвони Ҳунарпешаи шинохтаи РСС Тоҷикистон шуд. Соли 1996 ба Душанбе омад ва 2 сол дар ансамбли “Дарё” кор кард. Соли 1998 роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.