Паҳншавии босуръати Covid-19 бисёр кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки чораҳои қатъии қарантиниро ҷорӣ кунанд. Доираҳои сурх, ки дар харитаи ҷаҳонӣ сабт шудани коронавирусро нишон медиҳанд, рӯз аз рӯз васеъ мешаванд. Аммо то ҳанӯз, баъзе аз кишварҳое ҳастанд, ки аз пандемияи ҷаҳонӣ дур мондаанд. Туркманистон яке аз ин кишварҳост, ки дар он то ҳол сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ин кишвар яке аз пӯшидатарин давлатҳои авторитарӣ дар ҷаҳон аст, ки дурустии иттилооти пешниҳодкардаи мансабдорони ин кишварро зери суол мебарад.
Профессори Мактаби гигиенӣ ва тропикии Лондон Мартин Маккӣ, ки системаи тандурустии Туркманистонро омӯхтааст, мегӯяд: “Бо гузашти солҳо онҳо гузориш доданд, ки дар кишвар танҳо ду ҳолати сирояти ВИЧ/СПИД вуҷуд дорад, аммо ин маълумот тамоман нодуруст аст. Мо медонем, ки дар солҳои 2000-ум Туркманистон паҳншавии як қатор бемориҳо, аз ҷумла ваборо, пинҳон карда буд”.
Як хабарнигори ВВС гуфтааст, ки бисёре аз мардум дар ин ҷо метарсанд, гӯянд, ки кишвар алакай коронавирус дорад.
Бо вуҷуди ин Ҳукумати Туркманистон барои омодагӣ ба чораҳои пешгирикунанда, иқдомҳои худро ҷорӣ кардааст. Нақшаи муштараки амалиёт бо оҷонсии СММ дар Туркманистон ва СҶТ баррасӣ мешаванд.
Фиристодаи вижаи СММ дар Туркманистон Елена Панова дар мусоҳибае бо ВВС гуфт, ки ин нақша барои ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти муайянсозии коронавирус, ташхис, иртибот ва дигар самтҳои муҳим муайян шудаанд.
Дар робита ба он, ки СММ ба омори вазъ дар кишвар то чӣ андоза эътимод дорад, Панова гуфт: “Мо чун дигар кишварҳо ба маълумоти расмӣ эътимод дорем. Бурди Туркманистон дар он аст, ки маҳдудиятҳои кишвар дар бораи сафар шояд самаранок буданд, ки то кунун вирус дар он ба қайд гирифта нашудааст”.
Туркманистон воқеан сарҳадоти худро бастааст, парвозҳоро ба Чин аз аввали феврал боздоштааст. Ҳама парвозҳои хориҷӣ аз пойтахт ба Туркманобод интиқол дода шуданд, ки дар онҷо минтақаи қарантинӣ муқаррар карда шудааст.
Аммо шоҳидон мегӯянд, ки на ҳама дар қарантин қарор мегиранд. Ба гуфти сокинони Ашқобод хориҷиён метавонанд бо додани пора минтақаҳои қарантинии Туркманистонро тарк кунанд.
Панова тасдиқ кард, ки хориҷиён ва онҳое, ки нишонаҳои коронавирусро доранд, барои ин беморӣ озмоиш карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол системаи тандурустии Туркманистон то чӣ андоза ба ин чиз омода аст?
– Мо намедонем. Ҳукумат ба мо мегӯяд, ки онҳо ба андозаи муайян омода ҳастанд, лекин вақте коронавирус афзоиш меёбад, системаи тандурустӣ тайғироти ҷиддиро аз сар мегузаронад, – гуфт Панова. – Аз ин рӯ, мо ба мансабдорони давлатӣ дар бораи зарурати муҷаҳҳаз кардани беморхонаҳо бо нафаскашиҳои сунъӣ мегӯем.
Дар замоне, ки ҳаёт бо сабаби қарантини қатъӣ, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон муташаниҷ шудааст, Ҳукумати туркманистон кӯшиш мекунад, нишон диҳад, ки зиндагӣ дар кишвар бетайғир идома дорад. Дари тарабхонаҳо боз ҳастанд. Ҳеҷ кас ниқоб намепӯшад. Идҳо бекор карда нашудаанд.
Бо таъсири баъзе омилҳо, ҳатто агар коронавирус пайдо шавад ҳам, кормандони Ҳукумат бештар вақт мекӯшанд , ки ҳолатҳои сироятро пинҳон кунанд.