Туркия яке аз ҳамсарони пешвои гуруҳи террористии Давлати исломӣ Абубакр Ал-Бағдодиро ба асорат гирифтааст. Дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Ардуғон дар Донишгоҳи Анкара гуфт. Вай ҷузъиёти дигаре надод, хабар медиҳад CA–NEWS.
“Мо зани ӯро боздошт кардем, аммо дар ҳеч куҷо овоза накардем. Ғайр аз он, хоҳар ва домодаш дар Сурия боздошт шуданд”, – гуфт Ардуғон. Вай инчунин нагуфт, ки рӯйдодҳои зикршуда кай рух додаанд.
Теъдоди умумии занҳои ал-Бағдодӣ ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи АР, онҳо чор нафар буданд. Reuters бо истинод ба манбаъҳо дар Ироқ, қаблан изҳор дошт, ки раҳбари ҷангҷӯён се зан дорад: ду нафар Ироқ ва яке аз Сурия.
Дарҳол пас аз амалиёт барои нобуд кардани Бағдодӣ гуфта шуд, ки ҳамроҳ бо ӯ ду занаш бо камарбанди маргбор кушта шудаанд.
5 ноябр маълум шуд, ки артиши Туркия хоҳарони Ал-Бағдодиро ба асорат гирифтааст. Расмия Авад дар шимолу ғарби Сурия пинҳон мешуд. Ҳамроҳи ӯ шавҳар, келин ва панҷ фарзандаш ба ҳабс гирифта шудаанд.
Роҳбари собиқи “Давлати исломӣ” Абу Бакр Ал-Бағдодӣ рӯзи 26-уми октябр дар натиҷаи амалиёти вижаи артиши ИМА дар Сурия кушта шуд.
Тавре ки президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Ал-Бағдодӣ худро тарконд. Ҷойи будубоши пешвои террористон ба туфайли як хабардиҳанда аз наздикони ӯ пайдо шуд.