Дар пайи омадани сел як ҷавони 29-сола дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯи ҷасад ду рӯз боз давом дорад, аммо бенатиҷа аст.
Муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Мансурзода Қодирҷон дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, бориш дар ноҳияи Тоҷикобод аз рӯзи шанбе идома дорад ва ҳоло шиддаташ каме пасттар шудааст.
– Бадбахтона, дар натиҷаи сел сокини 29-солаи деҳаи Шинги ҷамоати деҳоти Зарафшон Беҳрӯз Шарипов, ки як фарзанд дорад, ба ҳалокат расид. Ҳодиса дар ҷамоати Нӯшор рух дод, ки марҳум он ҷо ба кашидани қубури об машғул будааст. Шоҳидон нақл карданд, ки замони селфароӣ Беҳрӯз Шарипов дар селроҳа қарор доштааст ва омадани сел хеле ногаҳонӣ будааст, – гуфт Мансурзода Қ.
Ба гуфтаи номбурда, ба ҷуз каме вайрон шудани як пул дар деҳаи Ғуломони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, дигар ҳисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, шаби 27-уми август, бар асарӣ офати табиӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 11 нафар – 3 зан ва 8 мард ҷон додаанд. Дар ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонда, мутаассифона, 2 кас ба ҳалокат расидааст.