Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Конфедератсияи футболи Осиё  барои дар Тоҷикистон гузаронидани марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО-2021 дархост пешниҳод кардааст.

Дар дархости Федератсияи футболи кишвар пешниҳод шудааст, ки марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 бо иштироки “Истиқлол”-и Душанбе, дар гурӯҳи “А”, дар Тоҷикистон ташкилу баргузор карда шавад. Дар ин гурӯҳ, дар баробари “Истиқлол”, дастаҳои футболи “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” (ИМА), инчунин ғолиби ҷуфти бозии  плей-офф байни дастаҳои «Ал-Ғурафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) иштирок мекунанд.

Ба ғайр аз ин, Федератсияи футболи кишвар ба КФО барои дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор кардани марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳҳои “Е” ва “F” дархост ирсол кардаст. Дар гурӯҳҳои номбаршуда, дастаҳои футболи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд баромад мекунанд.

Дар ин мусобиқа “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “Е” бозӣ мекунад. Рақибони “Равшан” дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа қаҳрамони Қирғизистон, дастаи “Дордой”-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон дастаи “Аҳал” мебошанд.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Ҷоми имсолаи КФО дар гурӯҳи “F” баромад мекунад. Рақибони даста АГМК ва ё «Насаф»-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Олой”-и Қирғизистон ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь