Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019”, ки дар Минск ҷараён дорад, ду вохӯрӣ гузаронд, ки дар яке шикаст хӯрд ва дар дигаре мусовӣ кард.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар бозии якум аз соҳибони майдон дастаи мунтахаби Белорус бо ҳисоби 5:0 мағлуб шуданд. Дар бозии дуюм наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Белжик мусовӣ бозӣ карданд – 1:1. Голи Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба номи худ навишт.

Дастаи Тоҷикистон як бозии дигар бо дастаи Финляндия баргузор мекунад. Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳони футбол-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь