Вақтҳои охир шумораи бо роҳи зӯрӣ аз дасти шаҳрвандон рабудани телефонҳои мобилӣ зиёд шудааст, аммо ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ин ҷиноятҳо сари вақт кушода шудаанд.
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки моҳи октябри соли 2016, дар кӯчаи Туниси пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯрӣ аз дасташ 400 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-
Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 41-солаи сокини деҳаи Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор муроҷиат намудаааст, ки 2-юми сентябри соли равон, тахминан соати 10:00, дар ҳавлии истиқоматиаш марди 56-солаи ҳамдеҳааш бо роҳи зӯрӣ аз дасташ 1 адад телефони мобилии тамғаи “LG”, ки арзишаш 2100 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди гумонбаршударо дастгир намуда, далели шайъӣ – телефони мазкурро ба соҳибаш баргардонидаанд.