Субҳи 7-уми октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо», ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамоси фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт. Пас аз ин, ҷангиёни ин созмон ба манотиқи марзии ҷануби Исроил ворид шуданд.

Дар посух, нерӯҳои дифоии Исроил алайҳи Ҳамос амалиёти “Шамшерҳои оҳанин”-ро дар навори Ғазза оғоз карданд. Дар давоми чанд рӯз низомиёни исроилӣ тамоми манотиқи аҳолинишини наздикии марз бо Ғаззаро таҳти назорат гирифта, ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳо, аз ҷумла мардуми осоишта дар ин минтақа оғоз карданд. Исроил инчунин муҳосираи пурраи навори Ғаззаро эълон кард: интиқоли об, ғизо, нерӯи барқ, дору ва сӯзишворӣ қатъ карда шуд.

Теъдоди қурбониёни навори Ғазза аз 5 ҳазор гузашт, беш аз 15 ҳазор кас маҷруҳ шуданд. Дар Исроил, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 1,3 ҳазор нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи манобеи мухталиф, тақрибан 150 исроилӣ мумкин аст, дар асорати Ҳамос бошанд. Худи ҷунбиш изҳор дошт, ки дар навори Ғазза тақрибан 200-250 маҳбус ҳастанд.

Чанд корвони мошинҳои ёрии башардӯстона тариқи гузаргоҳи Рафаҳ аз ҷониби Миср вориди Ғазза шуданд, аммо ин барои мардуми ин минтақа, ки аз обу ғизову барқу маводи сӯхту ёрии тиббӣ маҳруманд, басанда нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь