Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд – вай бунафшранг аст ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад. 

Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва ё Бобои барфии русӣ бо либосҳои обӣ (кабуд) ҳамроҳи наберааш Барфак (Снегурочка) вориди хонаву кошонаи шумо мешаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя Бобои барфи ҷомаи рах-рах мепӯшаду тоқии сурх дорад. Дар Қирғизистон бошад, либоси Бобои барфӣ сафеди нақшдор аст, аммо дар Гурҷистон ӯ ранги сафед ва сиёҳро авлотар медонад.    

Имсол Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: Бобои барфии ҳақиқӣ – бунафшранг аст! Ва фақат ӯ ҳадяи беҳтарину ҳақиқиро пешниҳод мекунад: гуфтугӯи бемаҳдуд дар тамоми соли 2019!

Бобои барфии бунафшранг меҳмони сокинони Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қӯргонтеппа), Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ гардида, ба ҳамагон тӯҳфаҳои арзишманду ҳақиқиро пешниҳод менамояд! Бобои барфӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург, раставу бозор, хиёбон ва ҷойҳои серодам пайдо шуда, бо сокинон сайругашт хоҳад кард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзеро ном баред, ки дар ҳама саҳифаҳои Тселл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Love Radio” эълон хоҳад шуд. Барои ироаи рамз (посух)-и дуруст, Бобои барфӣ тӯҳфа – “Солонаи бемаҳдуд”-ро ба сокинон тақдим менамояд

«Солонаи белимит 2019» аз Tcell – ин суҳбати бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет давоми соли 2019 аст.

Имкони пайваст шудан, ё тӯҳфа гирифтани хизматрасонии “Солонаи белимит 2019”-ро аз даст надиҳед. Эълону навгониҳои ширкатро дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Viber ва Telegram, инчунин радиои “Love Radio”-ро пайгирӣ намоед, рамзро дар ёд дошта бошед ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо Бобои барфии бунафшранг онро гуфта, соҳиби ҳадяи арзишманд – иртиботи бемаҳдуд аз Tcell шавед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь