Бо сабаби фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ҳаракати тамоми нақлиёт дар ин роҳ муваққатан манъ карда шудааст. Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъулияти  хидматрасонву нигаҳдории ин роҳро ба уҳда дорад, хабар медиҳад.

Тармафароии бештар дар километрҳои 48-71 ба қайд гирифта шудааст.

“Дар километри 48 паҳноӣ ва баландии тарма қобили мулоҳиза   буда, маҷрои дарёи Варзобро баст”, – омадааст дар хабарномаи ширкат.

Дар робита ба ин ҳолат ширкати IRS аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки муваққатан аз сафар бо ин роҳ худдорӣ кунанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки доир ба ҳолати роҳ ва корҳои амалигардида иловатан маълумот дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь