Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синои Душанбе Абдухалил Холиқзода аз таърихи паҳн шудани коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон ва бархӯрди муассисааш бо он дар рӯзҳое, ки ҳанӯз вуҷуди ин беморӣ дар кишвар расман эътироф нашуда буд, ёддоштҳояшро расонаӣ кард.

Абдухалил Холиқзода аз аввалин касе дар кишвар буд, ки аз вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон ҳушдор дод ва гуфт, ки Бемористони Ибни Сино ҳар рӯзе 5-6 нафарро бо аломатҳои шабеҳ ба COVID-19 ошкор мекунад. Ӯ дар идомаи постҳои фейсбукиаш аз раванди пешгирии ин вирус борҳо маслиҳату машварат дод ва инак ёддошти худро аз таърихи паҳн шудани COVID-19 ҳикоят кард:

«Миёнаҳои моҳи апрел акси томографии хонуме ба дасти мо расид, ки эҳтимолан аз илтиҳоби шуш бар асари вируси куруно дарак медод. То он дам вазорати тандурустӣ бо вуҷуди ахбори бемориву маргумир дар вилояти Суғд, вуруди ин вирус ба кишварро рад мекард. Ман ки ба ҳарфи вазорат он қадр бовар надоштам, аз пизишкони бемористон хоҳиш кардам, ин аксро ба устодони эронӣ бифиристанд, зеро аллакай вирус дар он кишвар бедод мекард ва пизишкони Эрон дар шинохти ин беморӣ иттилоъи зиёд доштанд. Ду мутахассиси баландпояи он кишвар, ки бо мо ҳамкорӣ доранд, таъйид карданд, ки ба эҳтимоли зиёд илтиҳоб дар ин акси томографӣ асари вируси куруност. Вале рӯзи дигар намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон Галина Перфилева изҳор кард, ки вирус дар кишвар вуҷуд надорад ва барои исботи суханаш теъдоди тестҳои анҷомшуда ва таъйиди натиҷаи он тестҳо аз сӯи бемористонҳои Русияву Инглистонро мисол овард. Ростӣ то он замон ҳар каси аҳли мантиқ ба изҳороти вазорати тандурустӣ бовар надошт, вале ин изҳороти намояндаи як созмони “бообрӯ”-и умумиҷаҳонӣ ҳамаро қадре ором кард.

Бо вуҷуди он ки акси ба дасти ман расида дар бемористони дигаре гирифта шуда буд, ва ман наметавонистам сад дар сад ба он такя кунам ва ҳамчунин изҳороти намояндаи СҶБ вуҷуди вирусро рад мекард, боз ҳам ба ҳар даре, ки дастам мерасид, онро кӯфтам ва шубҳаамро арз кардам.

Дар ҳамин марҳила ман як вохӯрие бо кормандони намояндагиҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Созмони Милал доштам. Он замон теъдоди чандҳазораи шаҳрвандон аз хориҷ оварда шуда, дар қарантина нигоҳ дошта мешуданд. То он замон ҳукумат тавониста буд аз вуруди вирус ба кишвар бо қатъ кардани парвозҳо ва бастани марз пешгирӣ кунад. Акнун масъалаи муҳим дуруст риоя кардани қарантинаи баргаштагон ва озмоиши онҳо барои ошкор кардани вирус буд.

Агар ҳеч нафаре бидуни қарантина ва тест ба ҷомеа роҳ дода намешуд, аз вуруди вирус пешгирӣ кардан имкон дошт. Ман аз корманди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт суол кардам, ки оё ҳамаи касоне ки аз хориҷи кишвар оварда шуданд, тести Кувид -19 мешаванд? Ҷавоби ӯ аҷибу ғариб буд, мегуфт ин тестҳо гаронанд ва ҳамаро тест кардан гарон меуфтад. Дар ҳоле ки теъдоди қарантиншудаҳо тақрибан ҳафт ҳазор ва тестҳои мавҷуд бисту панҷ ҳазор эълон шуда буд.

Вақте ман исрор кардам, ки агар дар марҳилаи кунунӣ тестҳоро сарфа кардан хоҳанд, дар ояндаи наздик баҳои бамаротиб гаронеро хоҳанд пардохт, боз ҳам гуфт: “дар ин мавзӯъ саволҳо зиёданд вале ҷавоб сифр!” ва аз ҷавоб гурехт…

Бо назардошти хатари сироят ба кормандони бемористон, дар ҷаласаи фаврии мудирият қарор кардем, ки кормандони идориро ба кори фосилавӣ гузаронда, кормандони тиббиро бо васоили ҳифзи шахсӣ таъмин намоем. Хушбахтона, дӯзандагии Мино Комронӣ дар бинои бемористон ҷойгир буд ва зуд ба дӯхтани либоси ҳифозатӣ ва моск оғоз кард. Аз бозори сохтмонӣ айнаку ниқобҳои шишагии сохтмончиёнро харида, кормандонро пӯшондем. Ҳамчунин ба вазорати тандурустӣ нома навишта, дастурамал, иҷозаи қабули маризони Кувид-19 ва таъмини васоили ҳифзи шахсии кормандонро дархост кардам.

Ростӣ дар марҳалаи аввал воҳимаи вирус хеле зиёд буд ва интизор мерафт, ки теъдоди беморон то ҳадде бирасад, ки меҳмонхонаҳо ҳам ба бемористон табдил дода шаванд. Мо кормандони Бемористони Ибни Сино дарк мекардем, ки ба кишвар душмане ворид мешавад, ки зиддаш фақат кормандони тиб ҷангида метавонанд.

Дар ҷаласа қарор кардем, ки омодагиҳои лозимаи таъсисотӣ ва таъминотӣ барои бистарӣ ва табобати маризони Кувид-19 низ гирифта шаванд. Бахши уфунӣ қоидаҳои хос дорад: кормандоне ки бо маризҳои уфунӣ кор мекунанд, бояд аз тариқи долони безараркунӣ хориҷ шаванд, то уфунатро ба берун ва бахшҳои дигар мунтақил нанамоянд, аз ин сабаб дар сохтмони бахшҳои бемористон як қатор сохтусоз роҳ андохта шуд.

Аз бистуми апрел сар карда, теъдоди муроҷиаткунандагон ба бахши рентген ва томографи компютерии бемористон афзоиш ёфт. Дигар ҳар рӯз панҷ шаш нафар бо илтиҳоби шуши монанд ба он акси қаблӣ ошкор мешуданд, вале вазорат вуҷуди вирусро комилан рад мекард. Мо дар бемористон тести Кувид-19 надоштем ва мутахассисони мо ин ташхисро асоснок карда наметавонистанд.

Бояд гуфт, ки муттаасифона дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз ҳам фасод кори худашро кард. Касоне ёфт шуданд, ки бо истифода аз роҳи фасод қарантинаро давр заданд ва вирусро ба ҷомеа ворид карданд.

Илова бар ин, бархе одамон дар шимоли кишвар аз хало дар марзи Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода карданд ва сару каллаи вирус ба зудӣ дар он минтақа намудор гашт.

Ман қаблан чанд ёддошти кӯтоҳе дар сафҳаи фейсбукӣ навишта будам, то одамон аз эҳтиёт кор гиранд, зеро хомӯшии вазорат одамони зиёдро дар марзи хатар қарор медод. Ниҳоят вақте дидам, ки теъдоди мубталоён хеле зуд меафзояд, қарзи инсонии худ дониста, саҳарии рӯзи сиюми апрел аз тариқи сафҳаи фейсбук вуҷуди вогирӣ дар кишварро хабар додам. Хушбахтона баъди нимрӯзӣ вазорат низ вуруди вирусро таъйид кард ва чораҳои пешгирӣ аз шуюъи марговари он шурӯъ шуданд.

Рӯзи душанбе – чоруми май ду бахши бемористон комилан барои қабули беморони уфунӣ омода карда шуд. Робитаи байни ин ду бахш бо бахшҳои дигар комилан қатъ ва даромадану баромадан аз онҳо аз тариқи долонҳои махсуси безараргадонӣ ташкил карда шуд. Дастуроти табобати маризони Кувид-19 дар асоси тавсияҳои вазорати тандурустӣ таҳия гашт ва таъминоти бахшҳо бо таҷҳизоту дору ва лавозими масрафӣ комил гардонда шуд.

Барои пешгирии сирояти вирус ба кормандони тиббии бемористони Ибни Сино, онҳо бо васоили ҳифзи шахсӣ таъмин ва дар меҳмонхонаи Шумон қарантина карда шуданд, зеро чунин ба назар мерасид, ки вирус дар ҷомеа васеъ паҳн шудааст. Ҳамчунин ресторани Шумон дар хидмати онҳо қарор дода шуд. Акнун бемористон бо риояи тамоми қоидаҳо барои қабули беморони уфунӣ омода буд.

Аввалин шуда дар шаҳри Душанбе як корманди аршади додситонӣ қурбони вирус гашт, мегуфтанд ӯ қарантинаро давр зада кадом наздикашро, ки аз хориҷ омада буд, аз марз ба хона бурдааст ва сироят ёфтааст. Аз ин ба баъд дар шаҳр воҳимаи вируси куруно ончунон авҷ гирифт, ки телефонҳои бемористон беист занг мезаданд. Муштариёне ки қаблан дар бемористони мо табобат мегирифтанд, талаб мекарданд, ки онҳоро қабул кунем. Ҳатто даъво мекарданд, ки мо дар рӯзи бадбахтии мардум аз ёрӣ ба онҳо саркашӣ мекунем. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ моро ба буздилӣ ва нокасӣ муттаҳам мекарданд. Аз ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо куруно занг зада хоҳиш мекарданд, ки маризонро қабул кунем. Вале Вазорати тандурустӣ ҳамоно дар ҷавоби номаи ман хомӯшӣ ихтиёр карда буд.

Дар рӯзҳои аввали эпидемия чор нафар коргарони мо, ки ба кори фосилавӣ гузаронда шуда буданд, дар хонаҳояшон сироят ёфтанд. Ҳоли ду нафарашон, ки дар хона табобат мегирифтанд, вазнин буд. Ниҳоят рӯзи ҳафтуми май ман қарор кардам, ки бояд ба доди мардум расид. Ба худам гуфтам: маризонро бе иҷозаи расмӣ қабул мекунам. Агар ҷазою подоше ҳаст, баъд мебинам! Аввалин шуда ҳамин ду нафар корманди худамон устод Абдуқодири Рустам ва Ғафуров Шукур бо ташхиси эҳтимолии Кувид -19 ба бемористон бистарӣ гардонда шуданд».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь