Дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ флешмоб дар мавзуи ҷинояти артиши Покистон дар Панҷшери Афғонистон бар зидди Ҷабҳаи муқовимати миллии ин кишвар роҳандозӣ шудааст.
Фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон аз кишвари Покистон ва сафоратхонаҳои ин давлат дар кишварҳои дигар талаб кардаанд, ки даст аз ҷиноят бар зидди инсоният бардорад. Дар матни ин талаб, ки бо забонҳои англисӣ ва русӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки Покистон бар зидди инсоният ҷиноят содир мекунад:
«Pakistan is committing
a CRIME AGAINST HUMANITY in #Panjshir!
Stop this bloody war-monger!
Пакистан совершает
ПРЕСТУПЛЕНИЕ ПРОТИВ ЧЕЛОВЕЧЕСТВА в #Панджшере!
Остановите страну агрессор!»
Ин талаб вобаста ба он аст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар қазияи Панҷшер ва Толибон дахолат кардаанд ва дар пайи ҳамлаҳои онҳо Фаҳими Даштӣ, раҳбари дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Абдулвадуди Зарра, писари хоҳарбузурги Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат, кушта шудаанд.
Дастандаркорони флешмоб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш кардаанд, ки ҳарчӣ бештар ин талаб аз Покистон карда шавад, то пеши роҳи ҷинояти башарӣ гирифта шавад.