Бахшида ба иди касбии кормандони тиб дар  шаҳри Бохтар чорабинии идона доир шуд. Дар он раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, кормадони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, табибон ва сокинони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Нахуст, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид,ба сухан баромада изҳор дошт, мояи сарфарозию ифтихормандист, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри ҳифзи сиҳатии омма ва рушди соҳа тадбирҳои ҳадафманд амалӣ гардида истодаанд. Гуфта шуд, ки бо назардошти муҳимияти соҳа ва ба хотири нигоҳдошти сиҳатии омма кишвари мо шурӯъ аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо сарварии фарзонафарзанди оқилу дурандеш ба эъмори давлати иҷтимоиву раиятпарвар, ки манфиати инсон, нигаҳдории солимии ӯ ва беҳсозии вазъи иҷтимоиаш аз арзишҳои воло эътироф ва эълон гардид, замина гузошта, бо тадбирҳои дурандешона сол то сол ба дастовардҳои назаррасу пураҳамият комгор шуда истодааст.

Дар қисмати дигари ҷамъомад кормандони хизматнишондода, арзанда ва фаъолони соҳаи тибби шаҳри Бохтар аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид бо ифтихорнома, мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва  қадрдонӣ карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь