Намояндаи филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар шаҳри Хуҷанд Абдураҳмонова Баҳрӣ ба он назар аст, ки нигоҳи нодуруст ва нишон додани табъиз нисбати қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла одамони бесарпаноҳ (бомжҳо), собиқ маҳбусиён, беморони ВНМО ва ҳатто шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз сабабҳои афзоиши ҷинояткорию беморӣ аст.

Абдураҳмонова гуфт:

– Ман роҳбари ташкилоти ҷамъятии “Диёр” дар шаҳри Хуҷанд ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”  дар ин шаҳри Хуҷанд ҳастам.

Дар умум кори ман ҳамкорӣ бо шахсони осебпазир, аз ҷумла бесарпаноҳон, олудагони бемории ВНМО, шахсони аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои  ҷиноятӣ озодшуда мебошад. Қаблан дар редаксияҳои гуногуни вилоят кор кардам. Ҳам дар кори журналистӣ ва ҳам дар кори роҳбарию ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳо як чизро хулоса кардам: Қонун баробариро кафолат медиҳад, аммо ҷомеаи мо нобаробариро ба миён меорад. Шумораи умумии  категорияи одамоне, ки сарукор дорам  ҳамагӣ ба як маънӣ шикоят мекунанд: Табъиз нисбати онро зиёд аст.

Масалан, як мизоҷи ман ки мардум ба истилоҳ “бомж” мегӯянд, Наташа Шигинаи бесарпаноҳ аст.  Вай дар кӯдакӣ аз волидайн маҳрум монда ва дар пайи зиндагии нобарор солҳои охир бехонаву ҷой монда буд. Чанд соли охир аз бемории саратони амрози занона ранҷ мекашид, аммо касе ба доду дардаш намерасид. Вай як духтарча дошт, агарчи пораи ҷигараш ас,т барои мисли модараш зери табъизи мардум қарор нагирифтан, кӯдакро ба хонаинтернати шаҳри Хуҷанд дода буд. Билохира, худаш бар асари беморӣ  26-уми декабри соли 2022 фавтид.

Ғайр аз бесарпаноҳон ба наздам ҳар маҳбусие, ки ояд ба зиёд будани табъиз шикоят мекунад. Мизоҷони мо мегӯянд, ки муносибати ҷомеа бо онҳо дурушт аст ва зиёд зери табъиз қарор мегиранд. Ҳатто дар ҳақашон суханони ношоиста гуфта ҳамчун  инсон намебинанд. Шаъну шарафшонро ба истифода бурдани истилоҳи “тюремщик” паст мезананд. Онҳо нигаронӣ мекунанд, ки дар нақлиётӣ бештар ангушти ишорат суяшон дароз мешавад.

Ба гуфтаи Абдураҳмонова маҳбусиён баъди озодӣ ба мушкилоти зиёд мевоҷеҳ мешаванд: – Ба хусус гум шудани шаҳодатномаашон онҳоро сарсон мекунад. Баъди озодӣ на шаҳодатномаи таваллуд доранд, на хонаю дар, на оила, на ҷойи кор. Хулоса, ташкилоти мо барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои онҳо кумак мекунад, дар хобгоҳи микроноҳияи 27-уми шаҳр онҳоро муваққатан (3 моҳ) дар қайд монда бо кӯмаки ҳукумати шаҳр ҳуҷҷат омода мекунанд. Барои собиқ маҳбусиён ҳатто гирифтани симкорт муаммо аст, чун ҳуҷҷат надоранд.  Албатта, вуҷуди табъиз нисбати одамони аз маҳбас озодшуда паёмади нохуш дорад, аз эҳтимол дур нест ки онҳоро дубора ба олами ҷиноӣ мебарад. Масалан, дар ин 9 моҳа ду мизоҷи мо Мурод Муродов  ва Ҷамшед Сатторов бо вуҷуди корбариҳо зиёд аз сабаби он ки кори мувофиқ наёфтанд ва аз тарафи пайвандони муносибати гарм надиданд, боз даст ба ҷинояти дуздӣ зада ҳоло дар боздоштгоҳ ҳастанд. Барои ҳамин фикр мекунам дар кам кардани шиддати ҷиноят бояд муносибати ҷомеа, роҳбарони муассисаву корхонаҳо  бо маҳбасиён тайғир ёбад.

Қади пасти маро масхара ва  бо ангушт ишора мекарданд

Қаҳрамон Ёров корманди Театр-студияи Хандикамон аст. Ин марди  хурдҷусса  дар саҳна ва касби худ муваффақ аст, аммо доштани нуқсони модарзодӣ боиси сӯяш дароз шудани ангушти ишорат мешавад. Қаҳрамон гуфт:

– Замони мактабхонӣ зиёд ба табъиз дучор мешудам. Дар мактаб ҳамсинфон ва дар кӯча роҳгузарон қади маро масхара мекарданд. 20 сол пеш ба шаҳри Хуҷанд кӯч баста омадам. Дар шаҳр ҳам ҳолат чунин аст. Одамони калон баръакс  эҳтиром мекунанд, ки ман ҳунарманд ҳастам, аммо гоҳ-гоҳ кӯдакон бо ангушт ишора мекунанд. Ман аз ин ҳолатҳо намеранҷам. Ман худро ҳеҷ гоҳ маъюб намедонам ва баръакс аз одамони кӯҳ борин азим ҳам усувор мешуморам.

Корбарии психологӣ  ҳам манфиатбахш аст

Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирии зӯроварӣ утоқи кор бо зӯроварон ташкил карда шудааст. Равоншиноси утоқи мазкур Муҳарам Раҳимова ба он назар аст, ки танҳо ҷазо додан роҳи ҳалли масъала нест:

– Азбаски мардуми мо гумон мекунанд, ки танҳо  шахсони бемор ба назди психолог меравад, муроҷиат камтар аст. Аммо ниёз ба маслиҳат ва кори психолог дар ҷоемаи мо зиёд аст. Аз як тараф  мавҷудияти табъиз боиси мешавад, одамоне, ки мехоҳанд ба назди равоншинос ё психолог омада машварат гиранд, монеи ин хоҳиш мешавад. Худашон мехоҳанд, аммо гапу андешаи мардум садди роҳашон мешавад.

Равоншинос Раҳимова мегӯяд, баъди як-ду суҳбат рафтори муроҷиаткунандагон тағйир меёбад. Баъзе занҳое, ки дар пайи хушунати оилавӣ ба кудак зулм мекарданд, ё ба ин монанд рафтори нодуруст хатои худро мефаҳманд ва дигар ба фарзанд хушунат нишон намедиҳанд.

Масалан, миёни як зан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо шавҳараш нофаҳмиҳо вуҷуд дошта хушунати ӯ нисбати кӯдаконаш зиёд буд.   Оилаи онҳо   дар вартаи вайроншавӣ буд. Се моҳ зиёдтар корбарӣ кардем.

Хушбахтона марди оила барои ислоҳ шудану вайрон нашудани оилааш ба ӯ мӯҳлат дод, ҳоло зан ба шавҳар ва фарзандаш муносибати хуб дорад. Бо ин вуҷуд  оилаи онҳо таҳти назорати утоқи кор бо зӯроварон қарор доранд. Агар табъиз набошад муроҷиат зиёд ва хушунат кам мешавад.

Дар умум ба ҷузъ коршиноси болозикр, ки  аксари ҷомеашиносон ҳам вуҷуди табъизро боиси афзоиши бемориҳои гуногун аз ҷумла СИЛ ва ВНМО, ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб медоданд. Худи шаҳрвандоне, ки эҳсос мекунанд, гирифтори беморӣ ҳастанд, барои зери табъиз қарор нагирифтан аз тахшис намегузаранд ва боиси олудагии дигарҳо мешаванд. Инчунин, маҳбасиёни собиқ, ки дар ҷомеа мавқеи худро намеёбанд,  дар чорсуйи зиндагӣ роҳгум зада, аз сабаби набудани роҳнамои хуб, наёфтани ҷойи кору макони зист ва дигар имтиёзҳо дубора даст ба ҷиноят мезананд, ки мисолҳояшро дар боло зикр кардем.

Фарзона Муродӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь