Имрӯз, 23-юми сентябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба истифода додани чанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо мардум ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар дод.

Эмомалӣ Рҳмон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Сипас, бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” рақами 75 низ ба фаъолият пардохт.

Дар идома президент дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшид. Да ин биноҳо 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2-ҳуҷрадор сохта мешаванд.

Пас аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони парчам ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь