Ширкати америкоии кайҳонии SpaceX 11-уми ноябр партоби бомуваффақи мушаки нақлияи Falcon 9-ро, ки 60 моҳвораи дигарро ба мадор интиқол медиҳад, анҷом дод. Ин кор барои дастрасӣ пайдо кардан ба иетениети сартосарии бемаҳдуди Starlink роҳандозӣ шудааст.
Ин василаи нақлияи партоб бо моҳвораҳо аз маҷмӯаи партобгоҳи SLC-40-и пойгоҳи неруҳои ҳавоии ИМА , воқеъ дар Канаверал, дар соати 19:56 ба вақти Душанбе, оғоз шуд.
Пас аз як соат аз сар додани мушакҳо, ҷараёни ҷойгиркунии моҳвораҳо дар мадор дар баландии 280 километр оғоз ёфт. Тибқи нақшаи SpaceX, пас аз санҷиши ҳамаи системаҳо моҳвораҳои Starlink бояд бо ёрии муҳаррикҳои худ ба мадори фаъолият, ки дар баландии 330 километр воқеъ аст, бароянд.
Ёдовар мешавем, ки SpaceX моҳи майи соли равон 60 моҳвораи аввали системаи ҷаҳонии дастрасӣ ба интернетро ба кор даровард (дертар робита бо се дастгоҳ гум шуд). Қаблан, ширкат аз Комиссияи федералии иртиботи ИМА (FCC) иҷозат дода буд, ки тақрибан 12 ҳазор моҳвораи системаи «Starlink»-ро дар мадди аввал ҷойгир кунанд. Тахмин меравад, ки моҳвораҳо дар мадори наздик қарор доранд ва дастрасиро ба интернет дар саросари сайёра таъмин хоҳанд кард.