22-юми июни соли 2021 созишнома дар бораи фурӯши саҳмияҳои яке аз саҳомони асосии миллии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» – фонди қарздиҳии хурди «Имон», ки аз соли 2008 саҳмдори ширкат мебошад, расман ба имзо расид.
Созишнома байни саҳмдорони мавҷуда баста шуда, дар ҷараёни он саҳмияҳои фонди қарздиҳии ИМОН аз ҷониби дигар саҳмдорони ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл», ки«Бонки аврупоии таҷдид ва рушд», «Бонки рушди соҳибкории Нидерландия (FMO)» ва «ФондиAlternative (идораванамояндагӣ аз ҷониби “MikroKapitalS.a.r.i”) ба шумор мераванд, харида шуд.
Новобаста аз тағйир ёфтани ҳайати саҳмдорон, стратегияи ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” бетағйир боқӣ монда, барои мусоидат ба рушди муътадили иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ тавассути дастрасии муътадил ба маблағ барои қисми иқтисодии фаъоли аҳолӣ дар Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ширкат ҳамеша риояи пурраи талаботҳои меъёрӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар соҳаи бонкдориро пайгирӣ карда истодааст ва дар оянда низ пайгирӣ хоҳад кард.
Дар тӯли зиёда аз 20 соли фаъолият Ташкилот дар байни аҳолӣ эътимоди калон пайдо карда, дар 48 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабакаи васеи нуқтаҳои хидматрасонӣ дорад, ки тавассути онҳо ба беш аз 300 ҳазор муштарӣ хизмат мерасонад ва шумораи мизоҷони худро тавассути фарогирии минтақаҳои нав ва тавассути пешниҳоди доираи васеи хизматрасониҳои бонкӣ афзоиш медиҳад.
Дар навбати худ, роҳбарияти ширкат, Шӯрои нозирон ва саҳомон ба мизоҷони худ хидматрасонии босифат ва сари вақтиро барои солҳои тӯлонӣ кафолат медиҳанд ва саъйу кӯшишҳои худро боз ҳам зиёд хоҳанд кард, то эътимоди зиёди шаҳрвандонро нисбати Ташкилот дар соҳаи бонкдорӣ ба даст оранд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) як муассисаи байналмилалии молиявиест, ки соли 1991 аз ҷониби намояндагони 40 кишвари 3 қитъа ва ду ниҳоди Аврупо, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ (EIB) ва Ҷомеаи Иқтисодии Аврупо (EЕC, ҳоло Иттиҳоди Аврупо) таъсис ёфтааст). БАТР уҳдадор аст ба самти “иқтисоди бозор ва пешбурди ташаббуси хусусӣ ва соҳибкорӣ” гузарад. Аз соли 2013 саҳмдори “Имон интернешнл” мебошад.
FMO як муассисаи байналмилалии молиявии дуҷониба мебошад, ки соли 1970 дар Гаага, Ҳолланд таъсис ёфтааст. Вазифаҳои он ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки ҷаҳони шукуфонро бунёд кунанд. FMO афзоиши устувори бахши хусусиро дар бозорҳои рӯ ба тараққӣ тавассути сармоягузорӣ ба корхонаҳо, лоиҳаҳо ва ташкилотҳои молиявӣ дастгирӣ мекунад. Аз соли 2013 саҳмдори ширкати “Имон интернешнл” мебошад.
Фонди «Alternative» бо идора ва намояндагӣ аз ҷониби “MikroKapitalS.a.r.l.”, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолият мебарад, соли 2014 таъсис дода шудааст. Фонди мазкур ҳоло аз ҷониби як ширкати дар Люксембург будаи «MikroKapital Management S.A..» – ширкати идоракунии дороиҳо, ки тибқи қонунҳои Люксембург таъсис ёфтааст, идора карда мешавад. Аз соли 2017 саҳмдори «Имон интернешнл» мебошад.