Дар хадамоти «Максим» нақл карданд, ки арзиши такси вобаста бо талаботи афзуда дар ид чӣ тавр тағйир ёфта метавонад ва барои зудтар ва арзонтар рафтан дар кадом вақт сафарро фармоиш додан беҳтар аст

Дар давраи солинавӣ таксиро нисбат ба вақти оддӣ 2 маротиба бештар фармоиш медиҳанд. Одамон ба мағозаҳо, ба шабнишиниҳои корпоративӣ ва чорабиниҳо, ба назди хешовандон ва дӯстон мераванд. Ба такси соҳибони зиёди авто низ менишинанд, ки на ба сари чамбарак нишастан бо шодӣ гузаронидани вақтро мехоҳанд. Афзоиши талабот ба нархи хизматрасонӣ таъсир мерасонад.

Дар соатҳои талаботи баланд дар хадамоти «Максим» коэффисиенти баландкунандаи арзиши сафар фаъол мешавад. Ин таксистонро вақте, ки дигарон истироҳат мекунанд, барои ба кор баромадан руҳбаланд мекунад, ва ба имкон медиҳад, ки ҳамаи мусофирон раванд. Агар таксиро дар даврае, ки ҳоло талабот наафзудааст, фармоиш диҳед, аз 30% то 50% аз арзиши сафарро сарфа кардан мумкин аст.

Аз рӯи таҷрибаи хадамот, дар ин сол талабот ба таси аз соати 16 санаи 31 декабр меафзояд, талабот то 21:00 баланд боқӣ мемонад. Ин ба афзоиши нархҳо ба 40% оварда расониданаш мумкин аст. Баландшавии такрории талабот 1 январ дар 16-18 бегоҳӣ муоина гашта, боииси афзоиши нархҳо на бештар аз 20% шуда метавонад. Ҳамин тариқа, бо нархи оддӣ рафтан мумкин аст, агар мошинро дар рӯзҳои идона пагоҳӣ ва рӯзона фармоиш диҳед. Он одамоне, ба онҳо сарфакунӣ дар нақлиёт муҳим аст, сафарҳои худро бо назардошти ин ба нақша гирифта метавонанд. Дар барноамаи «Максим» ҳамеша арзиши мубрами сафарро аз рӯи хатсайри интихобгардида ҳисоб кардан мумкин аст.

Ҳолатҳое мешаванд, ки суръати пешниҳодкунии такси бартарият дорад. Барои зудтар рафтан, истифодабарандагони барнома мустақилона нархи сафарро зиёд карда метавонанд. Азбаси фармоиш барои ронандагон ҷаззобтар мешавад, онро дар навбати аввал иҷро мекунанд.

Дар Соли нав муҳим аст, ки кайфият идона бошад. «Максим» аллакай табрик кардани сокинони Тоҷикистонро бо илова кардани мавзуъи нав ба барнома оғоз кард. Акнун нишонаи солинавии барномаро интихоб кардан мумкин аст, логотипи ширкат кулоҳи Бобои Барфиро дорад, ба экран барф меафтад, баъд аз сафар табрикнома пайдо мешавад. Хадамот ба ҳар куҷо рафта тавонистан ва идро дар паҳлӯи одамони наздик пешвоз гирифтан ёрӣ медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь