Дар назди театри Атто Муҳаммадҷони маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар  арчаи солинавиро насб кардаанд, ки баландии он 20 метр буда, паҳноиаш 8 метро ташкил медиҳад.

Сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороиши шаҳри Бохтар Миралишои Сайфиддин  ба ” “Фараж” гуфт,  арчаи солинавӣ бо дасгирии МИҲД- шаҳри Бохтар дар назди театри Атто Муҳаммаҷони шаҳр бо тарзи замонавӣ ва ороишҳои хуб насб карда шудааст. Ӯ иттилоъ дод, ки  барои ороиши арчаи солинавие, ки шаҳри Бохтарро зиннат медиҳад, 40   ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Сардори муассисаи мазкур гуфт, барои оро додани арчаи солинавӣ соли 2019 аз Чин баргҳои  сунъӣ бо харҷи  100 ҳазор сомонӣ  оварда шуда буд. Қайд гардид, ки  барои бозии кӯдакон дар атрофи арча кулбаҳо ташкил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки то  истиқболи соли навӣ мелоди рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст ва имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон насби арчаҳои  солинавӣ оғоз гардида, баландтарин арчаи солинавӣ аз шаҳри Бохтар мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь