Наворе  дар телефонҳои ҳамроҳ  паҳн шудааст,  ки дар он гӯё ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик  Муқимҷон Абдуфаттоев ба корҳои берун аз ахлоқ машғул аст. Ин навор, ки зоҳиран рӯзҳои наздик  паҳн шудааст, байни мардум ҳар гуна сару садоҳоро ба миён овардааст.

Муқимҷон Абдуфаттоев имрӯз ба хабарнигори “Sugdnews.tj”   гуфтааст, ҳоло наворро худаш тамошо накардааст. 

“Маро бачаҳо аз ин кор бохабар карданд. Ман мегӯям, ки ин  кори гурӯҳҳо аст. Маро шикастанд. Имрӯз мурофиаи судӣ дорам. Ман аз вақте, ки роҳбари театри ҷумҳуриявии ба номи Пушкин таъйин гардидам, як сол боз ҷангҷол идома дорад.”

Муқимҷон Абдуфаттоев гуфт, ӯро дар он айбдор мекунанд, ки  театрро аз ҳисоби маблағҳои худ таъмиру обод кардааст ва онро ба хароҷоти муҳосибӣ ворид накардааст. Ҳаҷвнигори машҳур дар идома гуфтааст, баъди нашри ин навор ба милитсия муроҷиат кардааст ва пас аз ин бояд муолиҷа гирад, зеро ба бемории дил гирифтор шудааст.

“Дигар ҳавсалаи  машғул шудан ба корҳои эҷодӣ намондааст. Ман бояд табобат гирифта ҳамаи инро фаромӯш кунам”, – гуфтааст Муқимҷон Абдуфаттоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь