Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии вируси «Covid-19» тасмим гирифтааст, ки дар муассисаҳои таълимии кӯдакону наврасон ба муддати 14 рӯз таътил эълон карда шуда, содироти як қатор маҳсулот ба хориҷ манъ карда шавад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.

Имрӯз дар Душанбе  таҳти раёсати сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии вируси «Covid-19» Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии  ситоди мазкур баргузор гардид, ки дар он бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10 –уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хбар дод, ки айни ҳол дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.

Ҳамчунин, тибқи қарори Ситод бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишавар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.

Дар асоси қарори Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь