Натиҷаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии” Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ Мирдодоев Мирмуҳсин – хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтарро ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза”​ эълон кард.​

Ӯ ва дигар ғолибонро​ дар шаҳри Бохтар​ муовини раиси вилоят Фируза Шарифӣ, раиси шаҳр Баротзода Файзулло, сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшо Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шоиста Абдуназарзода ва омӯзгорону хонандагону сокинони шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зимни суханронии худ қайд кард, донишҷуён ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори 3 ҷойи намоён гардиданд.

Мирдодоев Мирмуҳсин Миралиевич, хонандаи синфи 10 – и литсейи давлатии №1 – и шаҳри Бохтар, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5 – 11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9 – 11), сазовори шоҳҷоиза, Раҳимова Шоира Нуруллоевна, донишҷӯи донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сазовори ҷойи 2 – юм, Набиев Амурддин Валиевич, бознишаста, миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь