Паҳлавонони шинохтаи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов баъд аз пирӯзиҳои аввал натавонистанд, ки дар даврҳи баъдии Бозиҳои олимпӣ комёб шаванд.

Сомон Маҳмадбеков аз намуди куштии ҷудо дар вазни -73кг  рақобати аввалини худро бо ғалаба оғоз кард. Сомон бар ҳарифи худ Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандаҳо дастболо шуда, ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар даври 1/16-финал бар варзишгари кишвари Гамбия Файе Нжие ғолиб омад. Дар даври 1/8-финал Сомон бо ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, паҳлавони  муваффақи озарӣ Рустам Оруҷов мубориза бурд ва нокм шуд. Бо ҳамин ширкати ӯ дар Олимпиада ба анҷом расид.

Акмал Муродов низ дар куштии ҷудо дар вазни -81 кг дар даври аввали ширкаташ паҳлавони Гуам  Ҷоштер Эндрюро бо ду «ваза-арӣ» мағлуб карда, ба даври дуюм роҳ ёфт, аммо дар ин давр аз паҳлавони маъруфи гурҷӣ Тато Григалашвилӣ шикаст хӯрд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь