Дар маркази ноҳияи Шаҳритус аксари роҳҳои марказӣ аз воситаи нақлиёт пур буда, ин ҳолат боиси роҳбандӣ гаштааст. Ин дар ҳолест, ки муовини раиси вилоят дар як ҷаласаи худ аз ҷой доштани камбудиҳо дар назорат ва танзими соҳаи нақлиёт изҳори нигаронӣ карда буд

Далели роҳбандиро (трофик) дар  роҳҳои маркази  ноҳияи Шаҳритус як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи мазкур ворид шудани нақлиёт аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва ноҳияи Қубодиён арзёбӣ кард. Бо воситаи нақлиёт аз даромадгоҳи ноҳия то назди МИҲД ним соат бояд вақт сарф кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки муовини раиси вилояти Хатлон Заробуддин Файзуллозода, чанде пеш дар як  ҷаласа  аз  ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута изҳори нигаронӣ карда буд.

Вай ҳамчунин зикр карда буд, ки аз ҷониби раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст, аммо то ҳанӯз роҳбандӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб,  Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад.

“Ин кор аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута дарак медиҳад”, – гуфт ӯ.

Мовини раиси вилоят инчунин қайд карда буд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҷуӣ намоянд ва раисони коммисияи шаҳру навоҳӣ то давраи ҳисоботии навбатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ҳисобот диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь