Рӯзи 3 марти соли ҷорӣ ҷасади ба дор овехтаи мутахассиси Кумитаи Идораи замини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро, дар манзили иҷорааш дар маркази ноҳия, пайдо карданд. Ин нафар писарамаки раиси Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматов мебошад.
Як манбаи боэътимод аз Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар дод, ки ҷасади Фирӯз Ҳурматов, мутахассиси Кумитаи Идораи замини ноҳияро пас аз нисфирӯзии 3 март аз манзили иҷорааш пайдо карданд.
Манбаи мо гуфт, ҳоло сабаби даст ба ин худкушӣ задани ин мутахассиси ҷавони Кумитаи Идораи замини ноҳияи мазкур маълум нест. Фируз Ҳурматов оиладор буда, соҳиби чор фарзанд аст.
Бояд гуфт,ки ин дуюмин ҳолати ба дор овехтани кормандони ташкилоту идораҳои ноҳияи Шаҳритус дар як моҳи охири соли 2022 мебошад. Рӯзи 11-уми феврали соли ҷорӣ дар ин ноҳия Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати ба номи Ҷӯра Назаров, даст ба худкушӣ зада буд.
Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, рӯзи 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ омили даст ба худкушӣ задани ин раиси ҷамоатро мушкилоти хонаводагӣ гуфта буд.