Силсилаи консертҳои хайриявӣ аз ҷониби сарояндагони машҳури кишвар қариб ҳар сол дар остонаи ҷашну идҳо баргузор мегарданд. Ин навбат 16-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” дар “Кохи  Суруш” таҳти унвони “Савту наво баҳри некӯкорӣ”консерти хайриявӣ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ Нобовар Чиноров (гурӯҳи “Шамс”), Ҳабиб Ҳакимов (“Фарзин”), гурӯҳи “Низом”, гурӯҳи рақсии “Жасмин”, Соҳиб Назриев, Нозанин Комилова, Юлия Багданавичуте, Зафар Абдуалимов, Шабнами Тоҷиддин ва дигар  сарояндагони машҳури кишвар ҳунарнамоӣ карданд.

Дар консерти хайриявии мазкур шахсони дорои маъюбият низ даъват шуданд ва пеш аз оғози консерт намоиш ва фурӯши маҳсули дастони занҳои маъюбиятдошта баргузор шуд.

Тавре Муҳиддин Тоҷиев, яке аз ташкилкунандагони консерти мазкур, қайд кард, ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” татбиқи ду лоиҳа: таъсиси маркази омӯзишии ҷавонон ва занҳо дар ноҳияи Деваштич ва сохтмони бинои нави Маркази саломатии деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакентро дар нақша дорад ва тамоми маблағҳои тариқи барномаи консертӣ бадастомада баҳри амалигардонии ин лоиҳаҳо равона хоҳанд шуд.

ТҶ “Садоқат” аз ин пеш низ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар чанд лоиҳаи хешро амалӣ гардонида буд ва ин навбат мехоҳад тариқи сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ ва беморхона дар пешбурди соҳаҳои тандурустиву маориф саҳм гузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь