Чуноне хабар дода будем, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд ба саркардаи гуруҳи ҷиноятие, ки имсол дар ноҳияи Данғара ба сайёҳони дучархасавор ҳуҷум кардаву чанд нафарро куштанд, маҳкумият ба зиндони абадро дархост кард. Суд ин дархостро қонеъ карда Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Суди олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр раҳбари гурӯҳи ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард. Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев, ки аз гунаҳкорони ин ҳодиса дониста мешаванд, ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд.

Суд, ҳамчунин, 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Мӯҳлати адои ҷазои ягона зани муттаҳам дар ин парванда Баҳринисо Ҳайдарова, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Баҳринисо Ҳайдарова, Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ин ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь