Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбуб, имкон фароҳам овард, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пешрафтҳои назаррас ба даст ояд.
Дар симои шахсияти оқилу дурандеш ва фидоии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаву дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши хориҷии онро сиёсати дарҳои боз ташкил медиҳад ҷаҳониён бори дигар ба фарҳанги инсонгароиву меҳанпарастии халқи шарифи кишвар ошноӣ пайдо намуданд. Агар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иддае аз кишварҳои олам Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷангзада ва ноамн шинохта, аз ҳамкориҳои дуҷониба худдорӣ мекарданд, хушбахтона таҳти роҳбариву азму талоши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи мусолиҳа ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ кишварҳои бонуфуз ва мутараққӣ на балки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва робитаи дӯстӣ барқарор карданд, балки таҷрибаи нодири сулҳофарии кишвари моро мавриди ситоиш ва омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла таҷрибаи Тоҷикистон дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.
Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 январи соли 2015, №332 қабул гардидааст ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар муқаррар карда шудааст. Инчунин тибқи Консепсияи мазкур сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз пешбинӣ гардида, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад.
Густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Германия, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Франсия, Ҷумҳурии Италия, Шоҳигарии Испания, Конфедератсияи Швейтсария, Шоҳигарии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Полша, кишварҳои соҳили Балтика низ мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишвари мо мақоми авлавиятнок доранд.
Аз ин нуқтаи назар агар ба моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем баръало мушоҳида мешавад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз рӯзҳои баҳодурона ба уҳда гирифтани зимоми давлатдории навини миллӣ то имрӯз ба сиёсати хориҷӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда истодаанд. Аз ҷумла Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал моҳи сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд. Ин андешаҳои некбинонаву дурнигарона бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба Тоҷикистон ошно сохт. Маҳз бо дарки сулҳҷӯиву сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус сиёсати умедбахши дӯстонаи хориҷӣ соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд ва ин намояндагиҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Суханронии боварибахш аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ва сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ташаббусҳои созанда ва пешниҳодоти муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии аксари кишварҳои олам мавриди ҷонибдорӣ ва амал қарор гирифта истодаанд. Ҷаҳонишавии ҷашни аҷдодиамон Наврӯз ва дар сатҳи шоиста баргузор гардидани он низ аз сиёсати муваффақонаи хориҷии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Қабули Қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ доир ба эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028″ аз иқдомоти судманд ва пешниҳодоти муфиди сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо вобаста ба масоили об аст, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон қарину наздик гардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Аз ҷумла соли 2002 ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ин ташкилоти бонуфуз гардидани пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, соли 2003 ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шудани “Шашмақом”, соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид гардидани шаҳраки қадимаи «Саразм», соли 2013 ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонӣ шомил гардидани “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир”, ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил шуданд, ворид гардидани 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. Инчунин соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО баргузории муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд ва худи ҳамон сол бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО бо Медали ҷашнии “60-солагии ЮНЕСКО” сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон далели нуфузу эътибори хоса доштани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Муҳимтар аз ҳама ҳанӯз соли 2011 бо баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳо ва фаъолияти мусбии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти нуфузу эътиборашон дар назди халқу кишварҳо пешниҳод ва сарфароз гардидани муҳтарам Ҷаноби Олӣ аз ҷониби Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри XXI бозгӯи азму иродаи қавӣ ва нерӯи сулҳҷӯёнаву инсондӯстонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ба ҳисоб меравад.
Тавре огаҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 12-уми ноябри соли равон бо сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия ташриф оварда, бо роҳбарияти воломақоми ин кишварҳо, ташкилоту созмонҳои бонуфуз, соҳибкорон ва сармоягузорон, намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия суҳбату дидор намуда, оид ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд. Дар доираи ин сафари бобарор Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле суҳбати самимӣ анҷом дода, аз робитаҳои дуҷониба бо ин ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Инчунин боиси хушнудист, ки дар доираи сафари муваффақона ба Аврупо муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ ва ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ширкат ва маърӯзаву пешниҳодоти пурмӯҳтаво анҷом доданд. Ин иқдоми наҷиб ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат бори дигар аз сиёсати башардӯстонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар ақсои олам бозгӯӣ мекунад.
Чуноне огаҳӣ дорем, аз ин сафари таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, ки ба рушди босуботи кишвар нигаронида шудааст иддае аз хоинону бадхоҳони миллат, аъзо ва пайравони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, паймони миллӣ ва гурӯҳи 24-у дигар анҷуману неруҳои худхонда ба таҳлука афтода, бо шиорҳои зиддимиллӣ ба хиёбонҳо баромаданд. Худ қазоват ва муқоиса кунед, ки пазироии Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Олии ин кишварҳо чигуна бо эҳтироми самимӣ нисбати сиёсатмадори барҷастаи аср сурат гирифт ва хоинони миллат дар кадом сатҳ қарор доштанд. Яъне чанд тан аз бадхоҳони миллат, ки ҳуқуқи маънавии аз номи Тоҷикистон сухан гуфтан надоранд ва мардуми Тоҷикистон аз онҳо безорем имрӯз дур аз Ватан даъвои ватандорӣ ва ватанхоҳӣ мекунанд. Кулли мардуми саодатманди Тоҷикистон ин аъмоли зишт ва нангини чунин гумроҳону хиёнаткоронро маҳкум менамоем ва намегузорем, ки нохалафоне мисли солҳои навадуми асри гузашта теша ба решаи ин миллату давлат зананд.
Мо халқи Тоҷикистон бо азму иродаи матин бо пайравӣ ба сиёсати муваффақонаву меҳанпарастонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувору баҳодурона гузошта, дар ояндаи наздик бо сарҷамъиву муттаҳидӣ Тоҷикистони азизу муқаддасро ба як кишвари пешрафта ва мутараққӣ табдил хоҳем дод.
Раъно Ҳошимзода,
раиси шаҳри Бӯстон