Аз Сафорати Тоҷикистон ба ИА «АП» гуфтаанд, ки ҷавони ҳаммоли дар маркази савдои «Москва» латукӯбшуда зинда аст, аммо дар ҳоли вахим қарор дорад.
Сокини ноҳияи Балҷувон Наврӯз Зикирови 27-сола, ки аз ҷониби посбонҳои МС «Москва» латукӯб шуда буд, дар бемористони №68 будааст. Кормандони сафорат аллакай ба бемористон рафтаанд ва аз қавли табибон гуфтаанд, ки ҳолати ҷавон миёна будааст.
Қабл аз ин гуфта мешуд, ки ҷавон бар асари латукӯб ба ҳалокат расидааст. Маълум шудааст, ки Зикиров зарбаи мағзӣ гирифтааст. Зимнан, дар хабарҳои эълоншуда ҷабрдидаро Наврӯз Каримов муаррифӣ карданд, аммо Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки ин ҷавон Наврӯз Зикиров ном дорад.
Сухангӯи сафорат Сарвар Бахтӣ гуфтааст, ки акси ҷавони латукӯбшуда низ тақаллубӣ аст. Зикиров айни ҳол дар бемористони №68 аст ва атрофи бемористонро кормандони Росгвардия нигаҳбонӣ мекунанд. «Мо баъди мулоқот бо Вазорати корҳои хориҷии Русия имкон пайдо кардем, ки ба назди ӯ дароем. Наврӯз дар ҳуҷраи эҳёгарӣ нест. Дар ҳуҷраи оддӣ аст, зарбаи мағзӣ гирифтааст, ки ҳолати миёнаро дорад. Ба ҳаёти ӯ хатаре нест», – гуфтааст Бахтӣ ба «АП».
Наврӯз ба кормандни сафорат гуфтааст, ки ӯро зада ба берун напартофтаанд, балки ӯ худаш то наздики дарвоза омадааст. Дар он ҷо ҳолаш бад шудааст, ки барояш ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ қазия ин тавр рух додааст: Ҳар тоҷир барои ворид кардани мол бояд миқдори муайяни маблағ ба маъмурияти маркази савдо супорад. Он рӯз Наврӯз бори кадом тоҷири чиниро мекашонидааст, ки ин тоҷир ҳамон маблағро насупорида будааст. Маъмурон ӯро бо тоҷири чинӣ ҳамдаст гумон кардаанд, чун худи соҳиби мол он ҷо набудааст. Пас аз ин ӯро латукӯб кардаанд.
Ба гуфтаи Бахтӣ кормандони сафорат аз шӯъбаи полиси Люблино, ки муҳоҷирони боздоштшуда интиқол шудаанд, низ дидан кардаанд. Айни ҳол дар он ҷо 14 нафар боздошт будаанд.