Як ҳайат аз ҳисоби вакилони МНМО кишвар субҳи имрӯз, 28-уми ноябр бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 7-уми кумитаи ҳамкории байнипаламентии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Брюсел сафар кард.

Тибқи иттилои маркази матбуоти МН, ба ҳайат раиси кумитаи МН оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, вакилон Насиба Содиқова, Ҳоким Холиқзода, Ҷаббор Ахмедов ва Шарофиддин Сироҷов шомил буда, онро раиси кумитаи МН оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода саварӣ мекунад.

Гуфта мешавад, даъвати вакилони парламенти Тоҷикистон аз ҷониби парламентҳои Аврупо ва Шоҳигарии Белгия сурат гирифта, мулоқотҳои гуруҳҳои дӯстии парламенти Белгия ва МН-и Тоҷикистон дар назар аст. Сафари мазкур то 1-уми декабр идома ёфта, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа баромад хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь