Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон имрӯз, 5 март, Рӯзи Модар бо иштироки раиси ноҳия ва занону бонувон таҷлил гардид.

Сараввал раиси ноҳияи мазкур Раҳимзода Сафар ва дигар меҳмонон аз мањсули дастранҷи занони ноҳия, ки ба намоиш гузошта буданд дидан карданд. Баъдан дар толори Қасри фарҳанги ноҳия, ки занону бонувон ҷамъ омада буданд, маросими муборакбодї баргузор шуда, нақши занонро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия басо муҳим арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз 86 ҳазор  занону бонувон зиндагӣ доранд, ки 580 нафари онҳо ба соҳибкорӣ машғуланд. – Ҳукумати ноҳия барои дастгирии занону модарон ҳама  татбирҳоро меандешад, -гуфт раиси ноҳия.

Дар ин рӯз аз ҷониби раиси ноҳия зиёда  аз 200 нафар занону модарони собиқадор ва фаъолони ноҳия бо  ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом баҳри хушҳолии занону модарон  аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи хубу диданӣ пешкаш карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь