Мушовири аршади роҳбари давлати Миянмар Аун Сан Су Чжӣ, ки амалан идораи ин давлат дар дасти ӯст, гуфтааст касоне, ки дар ин кишвар муртакиби нақзи ҳуқуқи башар шудаанд, муҷозот хоҳанд шуд.

Аун Сан Су Чжӣ рӯзи сешанбе барои аввалин бор аз замони оғози хушунатҳои ҷорӣ дар минтақаи Рохин ва оворагии садҳо ҳазор тан аз мусалмонони руҳингиёи сокини ин иёлат дар як суханронии умумӣ нисбат ба ин воқеа вокуниш нишон додааст.

Су Чжӣ, ки дар мақоми мушовири аршади давлати Миянмар амалан роҳбари давлати ин кишвар маҳсуб мешавад, дар ин суханронӣ гуфт, ки нақзи ҳуқуқи башар дар Рохинро башиддат маҳкум мекунад ва аз ранҷу масоибе, ки бар гирифторшудагон дар даргириҳои минтақа ворид шуда, амиқан мутаассир ва мутаасиф аст.

Раҳбари давлати Миянмар афзудааст, ки алайҳи ҳар касе, ки қонунҳои кишварро зери по гузошта ва муртакиби нақзи ҳуқуқи башар шуда бошад, иқдоми қонунӣ ба амал хоҳад омад ва чунин афроде муҷозот хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь