Имрӯз бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси собиқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед вазифаи нав гирифт.

Дар қарори имзокардаи раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки Шодихон Ҷамшед муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Шодихон Ҷамшед чанде пештар дар пайи як сафари президент ба ВМКБ ва танқиди ӯ аз фаъолияти мақомоти ин вилоят аз вазифа барканор шуда буд. Ба ҷойи ӯ дар вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таъйин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь