Раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Саидзода Нурмуҳаммад дирӯз, 16 феврал, гуфт,  ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ бо дучарха ба кор меояд.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки дучархаронӣ ба саломатӣ фоидаовар мебошад, аз ин хотир ба ин кор машғул мешавад.

Ин раис зимни нишасти матбуотии қаблиаш низ  гуфта буд, ки 20 сол мешавад, ки ҳар руз 1,5 ё 2 километр роҳро пиёда, ё бо дучарха тай мекунад. Аммо, вақтҳое мешавад, ки маҷлис ё ягон кори фаврӣ мебарояд ва маҷбур аст, пиёдагардӣ ва дучархарониро канор гузорад.

– Дучархаронӣ шуғли писандидаи ман мебошад. Мудати 20 сол мешавад, ки дар як ҳафта то ду маротиба бо дучарха ба кор меоям, – гуфт раиси ноҳияи Дӯстӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь