Имрӯз дар бинои Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зикр кард, ки бо чанд донишгоҳу донишкадаҳо шартнома барои коромӯзӣ ва дар оянда бо кор таъмин кардани донишҷӯён ба имзо расонидааст.

– Ҳамаи донишҷӯёне, ки дар факултети иқтисодӣ таҳсил доранд, метавонанд аз ин имконият истифода намоянд. Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдастанд, махсусан, духтарони ҷавоне, ки дониши хубу аъло доранд, метавонанд дар маҳали зисти худ коромӯзӣ кунанд. Рӯзҳои шанбе худи ман шаҳрвандонро қабул мекунам. Аксарияти 70-80 дарсади муроҷиаткунандагон барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан, ба мо муроҷиат мекунанд. Мо, албатта, ҳамаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда наметавонем, аммо бештар ба занон афзалият медиҳем. Шумораи зиёди духтарон низ тавассути квота ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд, – афзуд Сироҷиддин Икромӣ.

Ба ҳолати имрӯза дар Амонатбонк 1238 нафар зан фаъолият доранд, ки 43%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Дар соли 2020=ум 135 нафар бону дар Амонатбонк ба кор қабул карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь