Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбоналӣ зимни нишасти матбуотӣ ба ин суол, ки чаро модарон неву духтарон ба пешвози ҷавонон ва гусели аскарон рафта, ба онҳо нон мегазонанд, гуфт, ин амал баҳри тарбияи модарони оянда мебошад.

– Масъалаи нонгазон, ё пешвози варзишгарон аз тарафи ҷавондухтарон дар шакле нест, ки инъикос мешавад,- иброз дошт раиси кумита.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бар он назаранд, ки ин амал метавонад боиси дар оянда ба мушкилии хонаводагӣ дучор омадани духтарон гардад. Яъне, чӣ тавр духтаре метавонад ба пешвози ҷавони ношиносе барояд, ё ба як аскаре нон газонад.

Раҳмонзода Абдулло бар он назар аст, ки ин яке аз роҳҳои мутобиқ намудани ҷавондухтарони аз ноҳияҳои дурдаст омада ба ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ӯ инчунин иброз дошт, дилхоҳ ҷавоне, ки аз ноҳияҳои дурдасти кишвар боре ҳам дар ягон чорабинии давлатӣ иштирок кардааст, пас аз ин узви волонтёрони Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон гардидааст. Духтароне, ки дар ягон намуд аз ин чорабиниҳо давоми таҳсил иштирок накардаанд, бо ҳамон фикру ақидаи доштаи худ мемонанд.

– Ин бархӯрди мафкуравӣ аст. Мо ҷонибдори ба вуҷуд омадани мафкураи муосир ҳастем. Шояд ҳамин чиз оянда дар зиндагии он шахс кумак расонад,- гуфт Абдулло Қурбоналӣ.

Дар бораи дар ҳавои зимистон бо либоси тунуки миллӣ соатҳо интизорӣ кашидани духтарон дар пешвозгириҳо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон чунин гуфт:

– Мо даҳҳо маротиба ба ин чиз эрод гирифтем. Пайваста таъкид мекунем, ки либосҳои гарматонро пӯшед. Ба хотири дар ҳамин пасманзар як акс гирифтан, либоси болоиашонро бадар мекунанд. Онҳо ҷавон ҳастанд ва пурэнержӣ мебошанд.

Баҳси пешвози варзишгарон, ё гусели наваскарон муддати зиёд аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гарм аст. Раҳмонзода Абдулло зид набудани худро дар ингуна пешвозгириву гусел қайд кард.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь