Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабл аз ҷамъомади навбатии сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лӣ Кэсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадқалий Абилғозиев, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас, муовини раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро, ки барои иштирок дар ҷамъомади Шӯрои роҳбарони ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Тошканд омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки Оҷонсии миллии иттилоотии “Ӯза” хабар медиҳад, Шавкат Мирзиёев меҳмонро гарму ҷӯшон хайрамақдам гуфта, аз рушди муттасили муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷониба бо ин кишварҳо ёдовар шуд.
Сарвазири Хитой Ли Кэсян, дар навбати худ, ба Президенти Ӯзбекистон барои меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ изҳор карда, салом ва беҳтарин таманнои Раиси ҶМХ Си Сзинпинро расонд.
Дар рафти вохӯрӣ хосатан таъкид гардид, ки музокироти самарабахши сарони ду давлат барои вусъати мулоқоти сиёсӣ ва амиқ гардондани ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳо заминаи мустаҳкам фароҳам овард.
Бинобар ин манбаъ зарурати татбиқи бечунучарои қарордодҳое, ки ба имзо расидаанд, таъмин кардани афзоиши муназзами тиҷорати дуҷониба, якҷоя пеш бурдани лоиҳаҳои устувор дар чунин самтҳо мисли рушди инфрасохтор, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ қайд гардид.
Ба мустаҳкам намудани равобити маданиву инсонпарварӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи илм, таълим, инноватсия ва сайёҳӣ низ эътибори алоҳида дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вусъат додани ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар мулоқот рӯзмаррагии татбиқ намудани лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармоя ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тамоми давлатҳои созмон қарор гирифтаанд, таъкид гардидааст.
Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ омодагии ҷониби кишварашро ҷиҳати ҳамаҷониба кӯмак ба рушди минбаъда ва амиқ гардондани муносибатҳои шарикии бисёрҷониба ба манфиатҳои ду давлат ва халқ арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ бо раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба рушди мутассили муносибатҳои Ӯзбекистону Русия, ки ба анъанаҳои дӯстии дарозмуддат, боварӣ, эҳтироми тарафайн ва дастгирӣ асос ёфтаанд, таваҷҷӯҳи хос дода шуд. Дмитрий Медведев барои пазироии самимӣ ва вусъати муносибатҳои фарогири ду давлат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намуда, таманноҳои неки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро низ ба вай расонд.
Ӯзбекистон бо Русия дар соҳаҳои нафту газ, барқ, нақлиёт, кишоварзӣ ва лоиҳаҳои истиқболноки дигар ҳамкорӣ менамояд. Гуфтушунидҳои байниминтақавӣ ва фарҳангиву башардӯстона, аз ҷумла дар соҳаи илм, таълим ва сайёҳӣ миёни ин ду кишвар беш аз пеш тавсеа меёбанд. Барои ҳамин саъю кӯшиши тарафайн барои амиқ гардондани ҳамкорӣ дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва сохторҳои бисёрҷонибаи дигар манфиати ҳамаи кишварҳоро мадди назар гирифтаанд.
Дар рафти мулоқот бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон бо қаноатмандии бузург таъкид гардид. Гуфта шуд, ки ин натиҷаи саъю кӯшиши муштараки роҳбарони ду мамлакат мебошад, ки ба дараҷаи шарикии стратегӣ расиданд.
Қоҳир Расулзода ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии анъанавии самимона миннатдорӣ изҳор намуд ва салому таманноҳои самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Дар рафти вохӯрӣ муҳим будани татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳо сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, фарҳангиву башардӯстона ва санадҳои дигари ҳамкорӣ низ ба таври васеъ муҳокима шуд. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар минтақа марзҳои тӯлонӣ доранд. Барои ҳамин ба масъалаҳои амиқ гардондани ҳамкории минтақаҳои наздимарзӣ низ дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо эътибори хос доданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни мулоқотҳои худ бо сарвазирони Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон тавсеаи ҳамкориҳои миёни кишвараш бо ин кишварҳои ҳамкорро хеле мусбату манфиатбахш арзёбӣ намуд ва ибрози умедворӣ кард, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳо беш аз пеш вусъат хоҳанд ёфт.
Шавкат Мирзиёев дар кори ҷамъомади сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд барори кор хаст. Гуфта мешавад, яке аз ҷанбаҳои дигари ҷамъомади мазкурро мубориза бо маводи мухаддир ташкил медиҳад ва дар ин маврид байни сарвазирон табодули назар сурат гирифт.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, Тошканд