Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин ҷашн халқи Тоҷикистонро табрик гуфта, орзу кард, ки Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардум ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.
Рӯзи парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар паёми худ гуфт: «Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем».
Рӯзи Парчам фардо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва дар маркази кишвар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.