Субҳи имрӯз, 8-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ноҳияи Спитамен, баъд дар ноҳияи Ҷабборо Расулов ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чанд иншоотро ба истифода дод.

Нахуст, сарвари давлат дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳия корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен”-ро ифтитоҳ ва баъд аз хоҷагии деҳқонии “Саидмурод Саркор” дидан кард. Хоҷагии мазкур дорои 320 гектар, аз ҷумла 84 гектар замини корами обӣ аст.

Дар идома, президент дар ҳамин ноҳия коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян”-ро ифтитоҳ кард.

Сипас, роҳбари давлат дар идомаи сафари корӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом оғози расмӣ бахшид, сипас аз боғи дарахтони хурмо ва анор дар хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” дидан кард.

Худи ҳамин рӯз, Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов», дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дод. Дар идома ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь