Дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А”, ки  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор идома дорад, ду вохӯрӣ гузаронд, ки дар аввалӣ пирӯзӣ ба даст оварду дар дуюм ба нокомӣ дучор шуд.

Шогирдони Сулаймон Бобокалонов дар даври интихобии БО-2020, дар бозии нахусташон бар дастаи мунтахаби бонувони Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд. Дар ҳайати бонувони кишвари мо капитани даста Мадина Фозилова 2 гол, Гулсунбӣ Ҳалимова ва Лайло Ҳалимова якголӣ заданд.

Духтарони футболбози кишвари мо дар даври дуюм ба шикасти сахт рӯ ба рӯ шуданд. Бонувон аз Тайбэйи Чин ба дарвозаи дастаи кишвари мо 9 голи беҷавоб заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин низ ба дарвозаи тими Сингапур 9 голи беҷавоб зада буд. Бозии даври дуюм миёни дастаҳои Муғулистон ва Сингапур мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.

Дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь