Бо вуҷуди он, ки таъмини нақшаи як намуди андоз – андоз аз шахсони воқеӣ – дар Панҷакент иҷро нашуд, дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 нақшаи андоз 37 миллиону 842 979 сомонӣ зиёд ба буҷет ворид гардидааст.

Агар андоз аз шахсони воқеъӣ ҳам пурра иҷро мегардид, зиёда аз 7,5 миллион сомонии дигар ба буҷети Панҷакент илова мегардид. Дар ин бора дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, ки санаи 29-уми январ баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Даромади умумии буҷети шаҳри Панҷакент, тибқи нақша дар соли 2018 ба маблағи 250 863 235 сомонӣ пешбинӣ шуда, он барзиёд, яъне 264 863 235 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 105,9%-ро ташкил медиҳад.

Хамчунин  иттилоъ дода шуд, ки аз 11 намуди сарчашмаҳои андоз, иҷроиши 10 намуди он пурра ва сифатнок таъмин гардидааст.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь