Панҷ нафар сокини ноҳияи Панҷ, ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус, дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия таҳти қаратин қарор доранд. Ин шаҳрвандон аз Афғонистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон баргаштаанд.
Дар ин бора сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Нурмаҳмад Умронов ба “Фараж” хабар дода гуфт, барои қарантин кардани гумонбарон дар ду беморхонаи ноҳия сад кат омода карда шудааст. Номбурда гуфт, истиқоматкунандагони ноҳия, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, барои 14 рӯз нигоҳ дошта мешаванд ва дар сурати дар ин муддат пайдо нагардидани нишонаҳои беморӣ дар онҳо, ба назди хонавода рухсат дода мешаванд.
– Аз нафарони дар карантинбуда як нафар мард аст, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Қазоқистон ва як нафар зан бо фарзандон аз Афғонистон баргаштаанд. Нишонаҳои беморӣ дар онҳо дида намешавад. Мардро пагоҳ ба хона ҷавоб медиҳем, вале зану фарзандонаш боз як ҳафта нигоҳ дошта мешаванд,- гуфт Умронов.
Ба гуфтаи сардухтур, дар гузаргоҳи Тоҷикистон бо Афғонистон “Панҷи поён”, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон намояндагони амният, вазорати корҳои дохилӣ ва табибон қарор доранд. Пас аз он ки сокини кадом ноҳияи Тоҷикистон будани ашхоси аз Афғонистон омада муайян карда мешавад, бо мошини махсус ба беморхонаҳои ноҳияаашон расонида шуда, давоми 14 рӯз қарантин мешаванд.
“дар қарантин кардани гумонбарон” вахахахахахахаааааааааааааааааааааааааа аааааааааааааааааааааааааааааааааааааааааааааа