Омӯзгорони чанде аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз моҳи сентябр то ин ҷониб маоши худро нагирифтанд, ки ин ҳолат боиси нигаронии онҳо шудааст.
Бархе аз омӯзгорони ин ноҳия зимни тамоси телефонӣ бо шарти ифшо накардани номашон гуфтанд, ки музди маоши моҳи сентябр ва октябри худро нагирифтаанд, дар ҳоле, ки ноябр ҳам фаро расидааст. Изҳори ташвиш карданд, ки аз сабаби нагирифтани ҳақуззаҳмат аз мағозаҳо қарздор шудаанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода пас аз тасдиқи ин хабар афзуд, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ музди маоши моҳи сентябро пурра гирифтаанд. “Аз октябрро бошад, муаллимони даҳ мактаб гирифтаанд ва рӯзҳои наздик дигар омӯзгорон ҳам мегиранд”, – афзуд ӯ.
Сардори Раёсати молияи ноҳия Сафарзода Абдулло низ айни ҳамин суханҳоро такрор кард. Сабаби сари вакт пардохт нашудани музди маоши омӯзгоронро ин шахси масъул ба пурра иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳия ва воридоти ками маблағҳои мақсаднок аз буҷетҳои вилоят ва ҷумҳурӣ рабт дод.