АЗ ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРИВУ МАВОДИ ЗИДДИЛАҒЗИШ ТО НАСБИ ЧАРХҲОИ ЗИМИСТОНА
Агар бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмири таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб кунад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш равона мешавад Далелу рақамҳо гувоҳи онанд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардид.
Тибқи нақша, дар минтақаи Варзоб 46050 метри квадратӣ бо масрафи 6595,35 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон 42821 метри квадратӣ бо сарфи 6072,52 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 100140 метри квадратӣ бо харҷи 14499,50 тонна асфалт бояд таъмир мегардид. Ин нақшаҳое буданд, ки филиали “IRS” пешорӯйи худ гузошта бо масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти “IRS” фароҳам шуда дар минтақаҳои Зарафшон, Варзоб ва Суғд нақша барзиёд иҷро гардид. 57299,28 метри мураббаъ роҳ дар Зарафшон (134%), 50363 метри квадратӣ дар Варзоб (109%) ва 103237, 94 метри мураббаъ дар Суғд дар сатҳи хубу сифати баланд таъмир карда шуд.
Ҳоло кормандони “IRS” ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ мадди назар аст. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.
Масъулини “IRS” хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият латма ворид хоҳад гашт. Бо ин мақсад равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.
Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат 437413 литр сӯзишвори дизелӣ, 17800 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад.
Илова бар ин, 425 чархи резинии зимистонаи мошин ва механизмхои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфхои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535000 литр чунин маводро доранд баркарор карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизм филиали Ширкат, ки теъдодашон 218 адад аст, ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат – нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.